Руководство по использованию ISBN PDF Print E-mail

ISBN
(International Standard Book Number –Стандарти байналмилалии рақамгузориикитоб
Д А С Т У Р И И С Т И Ф О Д А И I S B N

МУҚАДДИМА

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳое, ки истиқлолияти комили давлатӣ ба даст овард, талош бар он дорад, ки узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бошад ва аз меъёрҳои ҷаҳонӣ дар тамоми соҳаҳо пайравию риоя намояд.

Соли 2005-ум бо мақсади муовинати фарҳангӣ ва риоя аз стандарти ҷаҳонии нашри китоб бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ҷумҳурии мо ба узвияти Созмони ҷаҳонии стандарти байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) пазируфта шуд. Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2005, №239 ва фармони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.10.2005 №166 ба тасвиб расид. Бар ин асос дар заминаи Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии раққамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон» таъсис ёфт ва намояндаи ISBN дар ҷумҳурии мо ҳамин муассиса таъин гардид. Тибқи қарори боло тамоми муассисаҳои табъу нашр ва матбааҳои кишвар сарфи назар аз шакли моликият, самти фаъолият ва тобеияти идорӣ муваззаф карда шудаанд, ки минбаъд бе истифода аз ISBN китобу ҷузва ба табъ нарасонанд. ...


Скачать Руководство по использованию ISBN